РУШДИ ИҚТИДОРИ ИЛМӢ ВА НАҚШАИ ҲИМОЯИ ДИССЕРТАТСИЯҲО ДАР ДДТТ БАРОИ СОЛИ 2026

Бинанда: 165 | Санаи нашр: 12 Феврал 2026

Бояд зикр намуд, ки барои солҳои 2026–2030 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нақшаи нави дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таҳия гардида истодааст. Нақшаи мазкур бо дарназардошти амалисозии Барномаи давлатии тайёр намудани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021–2030 таҳия шуда, самтҳои ихтисосии шуроҳои диссертатсионии амалкунандаи назди Донишгоҳро фаро мегирад.

Дар ин замина, тибқи нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳ барои соли 2026, дар маҷмӯъ ҳимояи 22 диссертатсия ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла 17 диссертатсияи номзадӣ ва доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ва 5 диссертатсияи докторӣ.

Дар сурати амалӣ гардидани ин нақша, ҳиссаи омӯзгорони беунвон то 24,4 фоиз коҳиш ёфта, сатҳи умумии омӯзгорони дорои унвони илмӣ ба 76 фоиз мерасад, ки нишондиҳандаи баландтарини рушди иқтидори илмии Донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади шаффофият ва баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии ҷомеаи илмӣ, рунамои расмии рӯйхати омӯзгороне, ки дар соли 2026 диссертатсияҳои докторӣ ва номзадиро ҳимоя менамоянд, манзури умум пешниҳод мегардад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top