БАРГУЗОРИИ ШУРОИ САРПАРАСТӢ

Бинанда: 13 | Санаи нашр: 05 Феврал 2026

5-уми феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шурои сарпарастӣ бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Х.Х., раёсати корҳои тарбиявӣ ва аъзоёни шуро баргузор гардид.

Дар ҷаласа ректори донишгоҳ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбия, таҳким бахшидани худшиносии миллӣ дар ниҳоди ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ дар самти истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқ бармеояд, инчунин риояи либосҳои тавсиявӣ ва тартиботи дохилидонишгоҳӣ суҳбат намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top