04-уми феврали соли 2026 дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии мутахассиси соҳаи барқ Ҳасанов Ю., коменданти хобгоҳ Азимов М. ва раиси Шурои донишҷӯёни хобгоҳ Абдуллоев С. бо истиқоматкунандагони хобгоҳ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои тарғиби истифодаи оқилонаи неруи барқ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ дар хобгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифта, қайд карда шуд, ки истифодаи сарфакоронаю пешгирии талафоти неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи истифодаи он нишонаи маданияти баланди шаҳрвандист.


Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 