31-уми январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз ҷониби кафедраи фанҳои гуманитарӣ семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Таърихи ҷашни Сада» баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи маърифати таърихию фарҳангии донишҷӯён, шиносоии амиқ бо ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик, аз ҷумла ҷашни бостонии Сада ва нақши он дар ташаккули фарҳанги миллӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар семинар намояндагони Раёсати донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Аз ҷониби чанде аз омӯзгорону донишҷӯён оид ба пайдоиш ва таърихи ҷашни Сада, ҷойгоҳи он дар тамаддуни ориёӣ, суннатҳо, ойинҳои марбут ба ин ҷашн ва аҳаммияти тарбиявию фарҳангии он дар ҷомеаи муосир маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардиданд.
Дар фарҷоми семинар музокирачиён андешаҳояшонро доир ба ҷашни Сада, таърихи пайдоиш ва аҳаммияти тарбиявию фарҳангии он баён намуданд.



Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 