ЗЕБОӢ, ТАВОНОӢ ВА ДОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ

Бинанда: 13 | Санаи нашр: 31 Январ 2026

         Субҳи 31-уми январи соли 2026 бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва оммавияти он дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе машқҳои пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!” баргузор гардид.

         Дар машқҳои пагоҳирӯзӣ омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба ин васила дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳм гузоштанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top