30-юми январи соли 2026 бо ибтикори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат дар факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Сада – нахустмуждаи арӯси сол” баргузор гардид.
Дарси кушоди тарбиявӣ бо сухани ифтитоҳии муовини декани факултет оид ба тарбия Баҳодур Ғуломов оғоз гардид. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи ниёгонамон буда, таҷассумгари таъриху фарҳанги ғании миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад.
Сипас, муаллими калони кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Сабрина Ясакиева дар мавзуи “Сада – нахустмуждаи арӯси сол” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Гуфта шуд, ки тоҷикон аз азал миллати тамаддунофар дар миёни оламиён пазируфта шуда, новобаста аз монеаҳои зиёд расму ойин, анъана ва мероси фарҳангии хешро нигоҳ доштанд. Яке аз арзишҳое, ки дар масири таърих ҷойгоҳи махсуси худро дошта, аз даврони қадим то замони мо омада расидааст, ин ҷашни Сада мебошад, ки ҳамасола дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Дар фарҷоми дарси кушоди тарбиявӣ мудири кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Абдураҳмон Ҳакимзода ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Сада табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки бо шарофати иқдомҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну маросимҳои қадимаи халқи тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон, Тиргон аз нав эҳё гардиданд.




Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 