САДА – ҶАШНИ БОСТОНИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Бинанда: 15 | Санаи нашр: 29 Январ 2026

         29-уми январи соли 2026 дар кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 25010402 – кори бонкӣ дарси кушоди сарпарастӣ дар мавзуи “Сада – ҷашни бостонии миллати тоҷик” баргузор гардид.

         Нахуст, дарси кушодро мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки Сада аз ҷумлаи куҳанбунёдтарин ҷашнҳои мардуми ориётабор ба шумор рафта, дар низоми фарҳангӣ ва маънавии тоҷикон мавқеи хосса дорад. Ин ойин, ки дар нимаи дуюми фасли зимистон - тақрибан охири моҳи январ ва аввали феврал баргузор мегардад, ифодагари рӯшноӣ, гармӣ, умед ва пирӯзии хирад бар сардӣ ва зулмот аст. Сада танҳо як маросими суннатӣ набуда, балки бозтоби ҷаҳонбинии илмӣ, иҷтимоӣ ва фалсафии ниёгони мо маҳсуб меёбад.

         Сипас, дар рафти баргузории дарси кушоди сарпарастӣ донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 25010402 – кори бонкӣ Сафармоҳ Сафарова дар мавзуи “Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи ҷашни Сада”, Гулбибӣ Худоиева дар мавзуи “Сада ҷашни мулуки номдор аст”, Шаҳронҷон Ҳомидов дар мавзуи “Ҷашни Сада - мероси фарҳангии тоҷикон” ва Сабрина Эркинова дар мавзуи “Праздник Сада в Таджикистане: огонь как символ жизни и обновления” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

         Дар фарҷоми дарси кушод гуфта шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷлили ин ҷашни бостонӣ дубора ҷон гирифта, ба эҳёи суннатҳои миллӣ ва таҳкими арзишҳои таърихии тоҷикон мусоидат мекунад.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top