ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ ДДТТ - БЕҲТАРИН ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2025

Бинанда: 15 | Санаи нашр: 28 Январ 2026

         27-уми январи соли 2026 дар МД фарҳангию фароғатии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва қадрдонии ғолибони озмунҳои соҳавии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 баргузор гардид.

         Дар маросими мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зулфиқор Гулаҳмадзода ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, донишҷӯён, ғолибони ҷоизаву озмунҳои дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2025 эълонгардида иштирок намуданд.

         Боиси хурсандист, ки шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонон дар соли 2025” ғолиб дониста шуда, бо Дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top