23-юми январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи пленарии Конференсияи III-юми байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит, андозбандӣ, назорати давлатии молиявӣ: таҳдидҳои муосир ва самтҳои рушд” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимон, коршиносон, таҳлилгарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия иштирок карданд.
Конференсияро муовини ректор оид илм ва робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, н.и.и., дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич оғоз намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими низоми баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит, андозбандӣ ва назорати давлатии молиявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, таъмини шаффофияти равандҳои молиявӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад.
Ҷамшед Машокиров қайд намуд, ки Конференсияи III байналмилалии илмӣ-амалии мазкур бо мақсади баррасии масъалаҳои мубрами рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит, андозбандӣ ва назорати давлатии молиявӣ, таҳдидҳои муосир ва самтҳои рушди ин соҳа баргузор гардида, барои муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, табодули таҷриба ва ҳалли мушкилоти соҳа имконияти мусоид фароҳам меорад.
Мавсуф инчунин иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун як муассисаи таълимии бонуфузи кишвар дар омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун, бахусус бахшҳои иқтисод, тиҷорат, муҳосибӣ, таҳлил, аудит, андозбандӣ ва назорати молиявӣ нақши муҳим дорад.
Сипас, олимон ва коршиносони зерини соҳа доир ба мавзуи матраҳгардида сухани шодбошӣ намуданд:
- Назарзода Хайрулло Холназар, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор;
- Хушвахтзода Кобилҷон Хушвахт, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;
- Тулаходжаева Миновара Маҳкамовна, раиси Ассотсиатсияи миллии муҳосибон ва аудиторҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор (маҷозӣ);
- Алимбетов Нурлан Оринбосарович, раиси Шурои директорони Палатаи муҳосибони касбии Ҷумҳурии Қазоқистон (маҷозӣ);
- Мамасыдыков Абдилбает Асанович, ректори Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистону Ӯзбекистон ба номи Б. Сыдыков, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;
- Турдумамбетова Эрке Доолотбековна, директори Академияи молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;
- Содиқов Содиқ Ибрагимович, раиси Шурои институти ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, САР;
- Дӯстов Сафарбек Савриддинович, директори генералии ширкати аудитории «Консултант Аудит»-и шабакаи байналмилалии JPA INTERNATIONAL.
Баъдан, дар доираи барномаи пленарии конференсия маърӯзаҳои зерини олимону коршиносони варзидаи ватанию хориҷӣ шунида ва баррасӣ карда шуданд:
- Саякбаева Айганыш Апышевна, д.и.и., профессори кафедраи молияи Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагын дар мавзуи “Табдили омори иқтисодӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ”;
- Хахонова Наталья Николаевна, д.и.и., профессори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Ростов дар мавзуи “Ташаккули кадрҳо дар соҳаи аудит: муқоисаи интизории соҳибкорӣ ва худбаҳодиҳии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия” (маҷозӣ);
- Мирзоалиев Абдумалик Абдунабиевич, н.и.и., дотсент, САР, директори иҷроияи Институти ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар Тоҷикистон: вазъ, мушкилот ва дурнамо”;
- Улмасов Раҳмон Улмасович, д.и.и., профессори кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ва сиёсати берунии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар мавзуи “Сутуни иқтисодии Россия: муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати Россия”.
Дар хотимаи маърӯзаҳо байни иштирокчиёни конференсия саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва муҳокимаи маърӯзаҳо сурат гирифт. Зимни музокираҳо муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ва профессор Раҷаб Раҷабов фикру андеша ва тавсияҳои ҷолибро дар самти рушди технологияҳои рақамӣ, масъалаҳои асосии рушд ва таҳдидҳои соҳаҳои муҳосибӣ, аудит, назорати молиявии давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди барномаҳои таълимӣ баён намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров маърӯзачиёнро бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ намуда, ба аҳли толор барои иштироки фаъолона ва пешниҳоди таклифу тавсияҳои муфид изҳори миннатдорӣ кард ва ба кори бахшҳои конференсия барору комёбӣ орзу намуд.

























Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 