13-уми январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари таълимӣ-методӣ таҳти унвони «Таҳлили раванди таълим дар шароити рақамикунонӣ» доир гардид.
Дар ҷараёни семинар маърӯзаҳо ва муҳокимаҳо асосан ба таҳлили имкониятҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, ҷорӣ намудани платформаҳои электронии омӯзиш, таҳкими усулҳои интерактивии таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот равона гардиданд. Иштирокчиён масъалаҳои мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори муосири меҳнат, рушди салоҳиятҳои рақамии омӯзгорон ва донишҷӯён, инчунин нақши мониторинг ва арзёбии сифат дар такмили раванди таълимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки рақамикунонӣ омили муҳимми баланд бардоштани самаранокии идоракунии раванди таълим, таъмини шаффофият ва дастрасии захираҳои таълимӣ хизмат намуда, барои татбиқи равишҳои инноватсионӣ дар омӯзиш заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин замина, таҷрибаи истифодаи низомҳои идоракунии омӯзиш (LMS), захираҳои таълимии рақамӣ ва воситаҳои таҳлили маълумоти таълимӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок арзёбӣ шуд.
Дар фарҷом иштирокчиёни семинар пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати такмили раванди таълим дар шароити рақамикунонӣ, тақвияти ҳамкории сохторҳои марбутаи донишгоҳ ва баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати профессорону омӯзгорон иброз намуданд.





Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 