СЕМИНАРИ ТАЪЛИМӢ - МЕТОДӢ

Бинанда: 17 | Санаи нашр: 12 Январ 2026

Рӯзи 10-уми январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати таълим ва шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим семинари таълимӣ-методӣ таҳти унвони «Санадҳои танзимкунандаи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» баргузор гардид.

Ҳадафи семинар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ-касбии омӯзгорон ва кормандони соҳаи таълим, инчунин такмили механизми татбиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар фаъолияти таълимӣ ва идоракунӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар ҷараёни семинар заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», санадҳои зерқонунӣ, стандартҳои давлатии таҳсилоти олӣ, низомномаҳо ва дастурамалҳои соҳавӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуданд. Таъкид гардид, ки риояи дақиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ омили калидии таъмини сифати таҳсилот, мутобиқати раванди таълим ба талаботи муосир ва баланд бардоштани рақобатпазирии муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт мебошад.

Ҳамзамон, дар семинар масъалаҳои вобаста ба нақши мониторинг ва идораи сифати таҳсилот ҳамчун унсури муҳими низоми идоракунии дохилии муассиса баррасӣ шуданд. Иштирокчиён доир ба механизмҳои арзёбии сифати таълим, мутобиқати ҳуҷҷатҳои таълимӣ-методӣ ба талаботи стандартҳои давлатӣ, инчунин масъулияти субъектҳои раванди таълим дар иҷрои санадҳои танзимкунанда мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷоми семинар зарурати такмили пайвастаи донишҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҳайати профессорону омӯзгорон, таҳкими ҳамоҳангии байни воҳидҳои сохтории донишгоҳ ва истифодаи самараноки санадҳои танзимкунанда дар раванди таълимӣ-методӣ таъкид гардид. Гузаронидани чунин семинарҳо ҳамчун омили муҳими рушди устувори низоми таҳсилоти олӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот арзёбӣ карда шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top