ТАСДИҚИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК!

Бинанда: 103 | Санаи нашр: 06 Январ 2026

         Тибқи фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №502/ди аз 31-уми декабри соли 2025 рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Алимардонзода Бобохон Маҳмадӣ тасдиқ гардида, ба ӯ дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.02-Таърихи ватанӣ дода шуд.

         Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ Алимардонзода Бобохон Маҳмадиро ба муносибати тасдиқи рисолаи номзадӣ табрику муборакбод намуда, барояш саломатӣ, хушбахтӣ ва дар корҳои минбаъдаи илмиву эҷодиаш муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top