ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН НАЗАРЗОДА ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

Бинанда: 65 | Санаи нашр: 31 Декабр 2025

ОМӮЗГОРОН, КОРМАНДОН, ДОНИШҶӮЁН ВА ХОНАНДАГОНИ АЗИЗ!

         Ҳамаи шуморо аз номи раёсати донишгоҳ бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.

         Соли 2025 дар ҳақиқат барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли бобарор ва дастовардҳои беназир буд. Дар ин давра дар тамоми соҳаҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд, ки ба пешрафт ва ободию шукуфоии мамлакат мусоидат намуданд.

         Дар фазои сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ баргузор гардидани Интихоботи нави Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллӣ, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ҷашн гирифтани 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 33-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои соли сипаришаванда маҳсуб меёбанд.

         Соли 2025 барои коллективи донишгоҳи мо низ соли дастовардҳои назаррас дар самти таълиму тарбия, илму инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ, табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, таблиғи фарҳангу маънавиёт, худшиносию худогоҳии миллӣ буда, натиҷаи заҳмати пурмаҳсули Шумо профессорону омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва хонандагони азиз арзёбӣ мегардад.

         Эътимоди комил дорам, ки дар Соли нави мелодии 2026 ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеоянд, бо азму иродаи қавӣ ва ифтихор аз меҳану ватандорӣ, таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазирро дар сатҳи боз ҳам баландтар ба роҳ мемонанд.

         Бори дигар Шумо омӯзгорон, кормандону донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишгоҳро бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар фаъолияти омӯзгориву илмӣ ва таҳсилатон, ки хеле заҳматталаб аст, барору комёбӣ орзу менамоям.

         Бигузор Соли нави 2026, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ соли пурфайзу бобаракат ва оғози марҳилаи нави ташаббусҳои наҷиб гардад!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top