ХУШХАБАР!!! ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ МУБОРАК!

Бинанда: 46 | Санаи нашр: 31 Декабр 2025

30-юми декабри соли 2025 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-062 назди Донишгоҳи славянии Россия - Тоҷикистон муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон дотсенти кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Муртазозода Ораз дар мавзуи “Такмили системаи идоракунии рушди инноватсионии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария, методология, амалия” аз рӯйи ихтисоси 08.00.06.02 - идоракунии инноватсияҳо ва рақамикунонии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бомуваффақият рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.

        

         Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ Муртазозода Оразро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи докторӣ муборакбод гуфта, ба ӯ саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодиаш барору комёбӣ таманно менамоянд!

                                                                                  РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top