НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 22 | Санаи нашр: 23 Декабр 2025

23-юми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимон бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон, садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони сохторҳо ва кормандон баргузор гардид.

 Дар ҷаласа ҳисоботи муфассали ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар оид ба натиҷаи фаъолияти донишгоҳ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Дар ҳисобот доир ба ташкили раванди таълим, тарбия, илму инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ, хоҷагидорӣ ва пешрафту камбудиҳои дар ин самтҳо ҷойдошта маълумоти муфассал дода шуд. Ҳамзамон, масъулин барои беҳтар намудани сифати таълим ва баланд бардоштани иқтидори илмию педагогӣ дар соли 2026 вазифадор гардиданд.

 Дар ҳисобот қайд гардид, ки Донишгоҳ ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои таълимӣ заминаи моддӣ-техникӣ, озмоишгоҳӣ ва илмӣ-тадқиқотии замонавӣ бунёд намуда, дорои 7 бинои таълимӣ, 142 синфхона бо 3583 ҷойи нишаст, 12 синфхонаи компютерӣ, 3 озмоишгоҳи таълимӣ, 1 адад синфхонаи лингафонӣ, 677 компютер, 145 проектор, 102 тахтаи электронӣ, 42 ноутбук, 82 принтер, 9 адад SMART – TV, 330 адад камераҳои назоратӣ мебошад, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор дода шудааст. Миқдори ҷойҳои нишаст дар синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо ба теъдоди донишҷӯён мувофиқат мекунад.

 Барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар донишгоҳ 12 нафар доктори илм, 80 нафар номзади илм, 66 нафар муаллими калон, 24 нафар ассистент, ҳамагӣ 182 нафар омӯзгорони штатӣ ҷалб шудаанд. Шумораи омӯзгорони унвондор 92 нафар буда, ҳиссаи омӯзгорони унвондор 50,5 % фоизро ташкил медиҳад.

 Дар соли 2025-ум 1747 нафар донишҷӯ ба шуъбаи рӯзона ва фосилавии донишгоҳ қабул карда шуданд, ки ин 97,6%-и нақшаи қабулро ташкил медиҳад.

 Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 4401 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар шуъбаи рӯзона 3129 нафар, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1217 нафар ва шуъбаи магистратура 55 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Шумораи умумии духтарон дар донишгоҳ 683 нафар буда, ҳиссаи онҳо дар шумораи умумии донишҷӯён 15,5%-ро ташкил медиҳад.

 Соли 2025 донишгоҳро 847 нафар донишҷӯ, аз он ҷумла 432 нафар донишҷӯи шуъбаи рӯзон ва 415 нафар донишҷӯи таҳсилоти фосилавӣ мебошанд.

 Бояд қайд кард, ки дар соли таҳсили ҷорӣ 11 нафар донишҷӯ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд.

 Дар соли 2025 аҳли илми Донишгоҳ мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025, ки дар Маркази миллии патенту иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, аз рӯи 5 самт, 20 мавзӯъ ва 382 зермавзӯъ таҳқиқот бурданд.

 Соли 2025-ум 4 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Омӯзгороне, ки дар соли ҷорӣ рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби диплом гардиданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

 Дар донишгоҳ айни ҳол ду Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ фаъолият доранд:

• 2.129.03 аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ (иқтисодиёт, ташкил ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, маҷмааҳо-соҳаи хизматрасонӣ) ва иқтисодиёти меҳнати назди КОА Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия;

• 6Д.КОА-012 аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ (иқтисодиёт, ташкил ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, маҷмааҳо-соҳаи хадамот, иқтисодиёти соҳибкорӣ, савдо ва иқтисодиёти меҳнат)-и назди КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Дар соли 2025 аз ҷониби ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ 12 монография ва 812 мақолаҳои илмӣ чоп карда шуд.

 Инчунин таъкид гардид, ки вобаста ба баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмӣ - техникӣ дар донишгоҳ 14 - конференсияи байналмилалии илмию амалӣ, 22 - конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ, 23 – семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ, 17 - мизи мудаввар ва дар умум 76 чорабиниҳои илмӣ анҷом дода шудааст.

 Дар самти робитаҳои байналмилалӣ соли 2025 донишгоҳ 6 созишномаи ҳамкориро бо муассисаҳо таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ба имзо расонид. Ҷалби грантҳо низ самаранок ба роҳ монда шуда, айни замон дар донишгоҳ 8 лоиҳаи байналмилалӣ бо шарикони рушд амалӣ шуда истодааст.

 Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак», Консепсияи миллии тарбия корҳо ва чорабиниҳои тарбиявии назаррас барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон гузаронида шуданд.

 Дар фарҷоми ҷаласа ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар қайд намуд, ки дар соли 2026 ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои намоён кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top