КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

Бинанда: 12 | Санаи нашр: 22 Декабр 2025

20-уми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Роҳҳои баланд бардоштани дараҷаи азхудкунии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва беҳтар намудани сифати онҳо” баргузор гардид, ки дар он олимону омӯзгорони варзидаи ватанию хориҷии муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ, унвонҷӯёну магистрантҳо ва донишҷӯён иштирок карданд.

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷамшед Машокиров бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро хайрамақдам гуфт.

Мавсуф иброз дошт, ки дар замони муосир донистани на кам аз ду ё се забони хориҷӣ тақозои замон аст. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон бо аҳли маориф ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷумла чунин таъкид намуданд: «Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардидани ҷомеа густариш медиҳем».

Сипас, модератори конференсия, дотсенти кафедраи забонҳо Зебо Абдулазизова сухани шодбошӣ гуфта, иброз дошт, ки “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарӣ дода шудааст, ки онҳо низ омӯхта шаванд.

Баъдан, дар доираи барномаи чорабинӣ маърӯзаҳои зерини дорои мазмуни баланди илмию амалии олимони варзидаи ватанию хориҷӣ шунида ва баррасӣ карда шуданд:

  • Каримова Ирина Холовна, доктори илмҳои педагогика, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи медали А. Пушкин дар мавзуи “Образование без границ: примеры эффективного сотрудничества”;
  • Ванюшина Наталя Анатолевна, н.и.ф., дотсенти Донишгоҳи давлатии иҷтимоӣ-педагогии Волгогради Федератсияи Россия дар мавзуи “Иноязычная языковая компетенция как составляющая конкурентоспособности личности на мировом рынке”;
  • Matzhanova Gulvira Zhusupovna, Candidate of Philological science, Associate professor of the Foreign languages and translation studies department, institute of Education and Management West Kazakhstan innovation and technology university дар мавзуи “The implementation of lesson study in English language teaching in Kazakhstan”;
  • Исмоилова Мутриба Охунҷоновна, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар мавзуи “The role of English language in Business Communication: challenges and benefits”;
  • Мирзозода Ҳабибулло Хол, доктори илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи филологияи забони англисии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дар мавзуи “Зарурати такмили усулҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мисоли забони англисӣ”;
  • Қаҳҳоров Масъуд Маҳмудович, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои ДДТТ дар мавзуи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули низоми муосири таълими забонҳои англисӣ ва русӣ ҳамчун унсури ҷузъии сиёсати бисёрзабонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
  • Абдулазизова Зебо Садуллаевна, н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои ДДТТ дар мавзуи “Развитие русского языка в образовательной среде - как средство расширения межкультурных связей”.

         Баъди анҷоми маърӯзаҳо байни иштирокчиёни конференсия саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва муҳокимаи маърӯзаҳо шуруъ шуд. Дар бахши музокирот муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, н.и.и., дотсент Абдукарим Қурбонов, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои  байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров, мудири кафедраи забонҳо, н.и.ф., дотсент Масъуд Қаҳҳоров, дотсентон Файзалӣ Акрамов, Зебо Абдулазизова ва Саёҳат Мирзоева баромад карда, маърузаҳоро мубраму муосир арзёбӣ намуда, фикру андеша ва тавсияҳои ҷолибро дар самти забондонию забономӯзӣ пешниҳод карданд. Ҳамзамон, маърӯзачиён бо Сипосномаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ модератори конференсия, дотсент Зебо Абдулазизова ба аҳли толор барои иштироки фаъолона ва пешниҳоди таклифу тавсияҳои муфид изҳори миннатдорӣ намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top