БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КОМИССИЯИ ТАҲЛИЛӢ ВА КОР БО ВАО

Бинанда: 14 | Санаи нашр: 19 Декабр 2025

         18-уми декабри соли 2025 Маҷлиси ҷамъбастии Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ – Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ, Абдулло Далер Абдулло – раиси Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, фаъолон аз кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ, аъзои шурои ноҳия ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.

         Дар ин маҷлис намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон - муовини раиси КИ ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам”-и донишгоҳ Фитрат Рустамзода ва сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Муҳитдин Ҳамитов ширкат варзиданд.

         Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти Шуро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

         Нахуст, Абдулло Далер Абдулло – раиси Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба фаъолияти назарраси комиссия дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, қабули ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ва дигар самтҳои муҳим суханронӣ намуд. Ҳамзамон таъкид намуд, ки минбаъд низ бояд аъзои комиссия дар самти тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо навиштани андешаву мақолаҳои таҳлилӣ фаъол бошанд.

         Дар идомаи маҷлис Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иброз намуд, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори умум, махсусан наврасону ҷавонон, аҳамияти хоса касб намуда, таъмини амнияти иттилоотӣ ба масъалаи муҳими ҷомеа табдил ёфтааст.

         Бинобар ин, комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсиро зарур аст, ки корро дар ҳамкории зич бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати вусъат додани фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ (“Facebook”, “Twitter”, “Telegram”, “WhatsApp”, “Wechat”, “IMO”, “Instagram”, “Viber” боз ҳам фаъолтар намуда, барои бо мазмуну муҳтавои баланд нашр намудани хабару гузоришҳо ва маводҳои таблиғотию иттилоотӣ тадбирҳои судманд андешад.

         Ҳамзамон, Муродзода Ҷурабек ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

         Дар фарҷоми маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардида, фаъолияти минбаъдаи Шуро дар заминаи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025 - 2030 ва Оинномаи ҲХДТ муайян гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top