18-уми декабри соли 2025 дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи таҳким бахшидани корҳои идеологӣ ва тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии сохторҳои дахлдори ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинон тибқи усули "Маҳалла ба маҳалла” баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон - Раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ, Неъматуллозода Гулноз Неъматулло ва Сатторзода Абдулвоҳид Абдуқосим - судяҳои Суди ноҳияи Фирдавсӣ, Қаландарзода Бобомурод Маҳамат - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Ҷоббиров Сорбон Додарҷонович - мудири бахши манзилӣ-коммуналӣ ва кор бо маҳал иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, зиёдаравӣ, хариду фурӯши одамон, барҳам додани табъиз нисбати занон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, тоза нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.


Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 