13-уми декабри соли 2025 дар ҷаласаи Шурои олимони факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии факултет дар соли 2025 баррасӣ гардид.
Ҷаласаро дотсент Ҷамшед Машокиров, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ дар раванди омодакунии мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир нақши муҳим дорад.
Гуфта шуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ аз ҳамкории зичи кафедраҳо бо марказҳои илмӣ, чопи мақолаҳо дар нашрияҳои бонуфузи илмии ватанию хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳияи лоиҳаҳо ва иштирок дар семинару конференсияҳои сатҳи гуногун вобаста мебошад.
Инчунин қайд карда шуд, ки факултети молия ва қарз дорои иқтидори баланди илмию педагогӣ буда, ҳайати профессорону омӯзгорон дар соли 2026 метавонанд дастовардҳои таҳқиқотӣ, илмӣ ва инноватсиониро боз ҳам бештар гардонанд.
Сипас, Тураева Муқаддам Турабоевна, муовини декани факултет оид ба илм доир ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ дар соли 2025 ҳисоботи муфассалро пешниҳод намуда, вазифаҳоро барои соли 2026 муайян намуд.
Мавсуф дар ҳисобот зикр намуд, ки ҳайати профессорону омӯзгорони факултет барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли сипаришуда ҷиҳати тақвият бахшидан ва баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси илмию педагогӣ, афзун намудани дастовардҳои илмӣ, нашри мақолаю монографияҳои илмӣ, ҷоннок кардани фаъолияти маҳфил ва ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён, баргузории семинарҳою конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расониданд, аз ҷумла:
- Нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 40 адад;
- Нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия - 5 адад;
- Нашри мақолаҳои илмӣ дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ – 57 адад;
- Нашри мақолаҳои илмӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ – 53адад;
- Нашри монографияҳои илмӣ – 7 адад;
- Ҳимояи рисолаҳои номзадӣ – 1 нафар;
- Дарёфти унвони илмии дотсент – 2 нафар;
- Дарёфти унвони илмии профессор – 1 нафар
- Семинарҳои ҷумҳуриявии илмию амалӣ – 9;
- Семинарҳои байналмилалии илмию амалӣ – 2;
- Семинарҳои донишгоҳии илмию амалӣ – 13;
- Конференсияҳои ҷумҳуриявии илмию амалӣ – 6;
- Конференсияҳои байналмилалии илмию амалӣ – 2;
- Конференсияҳои донишгоҳии илмию амалӣ – 18.
Инчунин, зикр гардид, ки донишҷӯёни факултет дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯйи номинатсияи даставии амалӣ ҷойи 1-ум ва дар номинатсияи даставии назариявӣ ҷойи 2-юмро ишғол намуданд.
Донишҷӯёни факултет тариқи маҷозӣ дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни менеҷмент, ки дар Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Беларус баргузор шуд, ба гирифтани ҷойи 3-юм ва дипломи дараҷаи 3-юм мушарраф гардиданд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки бо вуҷуди дастовардҳо дар самти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ камбудӣ ва норасоиҳо низ ҷой дошта, сохторҳо ва шахсони масъул муваззаф гардонида шуданд, ки ҷиҳати бартарафсозии онҳо тадбирҳои мушаххаси судманд андешанд.
Дар фарҷоми ҳисобот Муқаддам Тураева вазифаҳоро барои соли 2026 ҷиҳати баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, инноватсионӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионӣ, ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ муайян намуд.
Зимни музокирот профессорон Мунаввар Саидова, Абдурашид Мирзоалиев, дотсентон Абдураҳмон Ҳакимзода, Лоиқ Ҳалимов ва Зоир Султонов фикру андеша ва пешниҳоду тавсияҳои ҷолибро барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ иброз намуданд.




Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 