11-уми декабри соли 2025 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи декани факултет, н.и.и., и.в. дотсент Ҷовидон Сафаров оид ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст, ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки дар раванди омодакунии мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, инноватсионӣ, чопи мақолаҳо, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ, иштироки донишҷӯён дар маҳфилу ҷамъиятҳои илмӣ ва озмуну олимпиадаҳои сатҳи гуногун, семинарҳою конференсияҳои сатҳи донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ нақши калидӣ дорад.
Мавсуф таъкид намуд, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ кафедраҳои факултетро зарур аст, ки ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ, чопи мақолаҳо дар нашрияҳои бонуфузи илмии ватанию хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳияи лоиҳаҳо ва иштирок дар семинару конференсияҳои сатҳи гуногун боз ҳам тақвият бахшида шаванд.
Инчунин гуфта шуд, ки иқтидори баланди илмию педагогии факултет имконият медиҳад, ки ҳайати профессорону омӯзгорон дар соли 2026 ба дастовардҳои баланди илмию инноватсионӣ ноил гарданд.
Сипас, Ҷовидон Сафаров оид ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии факултет дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 ба таври муфассал ҳисобот пешниҳод намуд.
Дар ҳисобот зикр гардид, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 ҳайати профессорону омӯзгорони факултет ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси илмию педагогӣ, афзун намудани дастовардҳои илмӣ, ба чоп расонидани мақолаю монографияҳои илмӣ, ҷоннок намудани фаъолияти маҳфил ва ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён, баргузории семинарҳою конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.
Дар фарҷоми ҳисобот декани факултет Ҷовидон Сафаров вазифа ва тадбирҳои муҳимро барои соли 2026 ҷиҳати баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, инноватсионӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионӣ, ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯён ба корҳо илмӣ-таҳқиқотӣ муайян намуд.



Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 