Боиси ифтихор аст, ки Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири аҷам”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар барои саҳми арзишманд гузоштан дар татбиқи сиёсати созандаву бунёдкорона, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, рушди соҳаи илму маориф ва омода намудани мутахассисони баландихтисос ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо медали ҷашнии 30 - солагии ҲХДТ сарфароз гардонида шуд.
Тавре Хайрулло Холназар иброз дошт, ин қадрдонӣ пеш аз ҳама, натиҷаи меҳнати пурсамари ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи ин ҳизби воқеан ҳам мардумӣ, ки шиораш “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон” аст, мебошад.
Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ Хайрулло Холназарро бо ин мукофоти ҳизбӣ самимона муборакбод гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмию омӯзгорӣ ва хизмат ба Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол барору комёбиҳо орзу менамоянд.


Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 