БАРГУЗОРИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ

Бинанда: 6 | Санаи нашр: 10 Декабр 2025

9-уми декабри соли 2025 бо ибтикори кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври якум – даври донишгоҳии олимпиада аз фанни молия баргузор гардид.

Дар олимпиада донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни донишгоҳ ширкат варзида, раванди баргузории он тибқи талаботи низомномаи амалкунандаи олимпиадаи фаннӣ ба таври шаффоф, объективӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ амалӣ карда шуд.

Дар ҷараёни озмун ба дониш, маҳорату малака ва сатҳи омодагии иштирокчиён таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ғолибон муайян карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top