6-уми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорону донишҷӯён дар мавзуи “Пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ аз ҷониби ҷавонон” баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи экспертизаҳои судӣ-баллистикии Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Назаршо Фируз Юсуф иштирок ва суханронӣ намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки имрӯз ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ба чашм мерасад, ки ин раванд оқибатҳои нохушу даҳшатборро дар оила ва ҷамъият ба бор меоварад. Қайд карда шуд, ки пешгирии ҷиноят нисбат ба ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс авлотар мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Назаршо Фируз Юсуф таъкид намуд, ки арзишмандтарин рукни давлатдорӣ таъмини амнияту субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва тақвияти маърифати ҳуқуқиву сиёсии шаҳрвандон мебошад. Ин раванд дар сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалият дошта, барои амалигардонии он пайваста чораҳои мушаххас андешида мешаванд.




Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 