КУРСИ КУТОҲМУДДАТ БАРОИ КОРМАНДОНИ БАХШИ ИҚТИСОДИИ МУАССИСАҲОИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ

Бинанда: 6 | Санаи нашр: 08 Декабр 2025

Аз 1-ум то 6-уми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои кормандони бахши иқтисодии муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон курси кутоҳмуддати “Ташкили муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳисобдорӣ дар корхонаҳо” гузаронида шуд.

Дар курси кутоҳмуддат ба шунавандагон омӯзгорони ботаҷрибаи кафедраҳои иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ, андоз ва андозбандӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронида, имтиҳон қабул намуданд.

Дар ҷамъбаст ба 16 нафар ба шунаванда, ки имтиҳонро бо муваффақият супориданд, шаҳодатнома супорида шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top