СЕМИНАРИ ТАЪЛИМӢ

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 07 Декабр 2025

6-уми декабри соли 2025 кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари таълимиро дар мавзўи “Маърифати ҳуқуқии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва саҳми он дар рушди иқтисодиёти кишвар” бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисоси 960101 - хадамоти гумрук баргузор намуд.

Семинарро Зиёиён Абдулло - сардори Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, қайд кард, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ барои рафъи инкори қонун, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба ин васила мустаҳкам намудани асосҳои давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ аҳамияти муҳим дорад. Имрӯз бо назардошти ҷаҳонишавӣ ва ба миён омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мавзуи маърифати ҳуқуқӣ на танҳо рӯзмарра, балки мазмуну моҳияти нав пайдо намуда, он метавонад ба рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ба сифати омили мусоидаткунанда баромад намояд.

 Дар фарҷоми семинар Зиёиён Абдулло иброз дошт, ки маърифати ҳуқуқии иштирокчиёни ФИХ омили асосӣ барои фаъолияти устувори соҳибкорӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар мебошад. Баланд бардоштани савияи ҳуқуқии соҳибкорон боиси кам шудани хавфҳои ҳуқуқӣ, афзоиши гардиши молиявӣ, беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва рушди иқтисоди кишвар мегардад.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top