АКСИЯИ 16 РӮЗИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

Бинанда: 8 | Санаи нашр: 06 Декабр 2025

5-уми декабри соли 2025 бо иштироки роҳбари бахши кор бо донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҷамила Ғафурова дар байни донишҷӯдухтарони хобгоҳ аксияи 16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила доир карда шуд.

Дар оғози чорабинӣ Ҷамила Ғафурова доир ба иҷрои бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” суханронӣ намуда, зикр намуд, ки ноомодагӣ ба оиладорӣ, набудани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ноогоҳӣ аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират барои хушунат дар хонавода замина муҳайё мекунад.

Дар анҷоми аксияи мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории донишҷӯдухтарон, пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top