4-уми декабри соли 2025 бо ибтикори кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври якум – даври донишгоҳии олимпиада аз фанни экология баргузор гардид.
Дар олимпиада донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун фаъолона ширкат варзида, раванди баргузории он тибқи талаботи низомномаи амалкунандаи олимпиада бо риояи меъёрҳои ташкиливу методӣ, ба таври шаффоф, объективӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ амалӣ карда шуд.
Дар ҷараёни озмун ба дониш, маҳорат ва сатҳи омодагии иштирокчиён таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҳамаи марҳилаҳои олимпиада мутобиқ ба тартиби муқарраргардида ба роҳ монда шуданд.




Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 