3-юми декабри соли 2025 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси намунавии муаллими калони кафедраи забонҳо Ғафурова Ҷамила Музаффаровна дар мавзӯи «Забони услуби илмӣ ва вижагиҳои он» барои донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 960101 - хадамоти гумрукӣ бо истифода аз усулҳои муосири таълим, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва рӯнамо, ки дар ташаккули малака ва салоҳиятнокии донишҷӯён мусоидат менамоянд, баргузор гардид.
Дар дарси намунавӣ омӯзгорони кафедраи забонҳо Абдулазизова З.С., Одилова И., Акрамов Ф., Юсупова Ф. иштирок намуданд.
Зимни дарс Ҷамила Ғафурова услуби илмӣ, хусусиятҳои хоси ин сабк - оҳанги бетараф, муносибати объективона, иттилоотӣ, хусусиятҳои забонии сабки илмӣ-морфологӣ ва синтаксисиро дар асоси мисолҳо шарҳ дод. Барои амалан (бо истифода аз матн) иҷро намудани кори мустақилона омӯзгор ба донишҷӯён супоришҳои мушаххас дод.






Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 