2-юми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҳамаи намуди хушунат, таҳкими нақши зан дар ҷомеа ва тарбияи фарҳанги муносибатҳои солим, дар доираи маъракаи “16 РӮЗИ АЛАЙҲИ ХУШУНАТ”, ки ҳамасола аз 25 ноябр то 10 декабр ҷараён мегирад, вохӯрии судманд бо омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Қаюмзода Дилноза Абдурақиб ва директори муассисаи давлатии Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе Музаффарзода Парвина Саидҷаъфар иштирок намуданд.
Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба роҳҳои пешгирии хушунат, ташаккули муносибатҳои солими иҷтимоӣ, бедор кардани масъулияти занон ҷиҳати мубориза бо зӯроварӣ дар оила, фаҳмонидани ҳуқуқу озодиҳои онҳо ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим мебошад.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҳамаи намуди хушунат, таҳкими нақши зан дар ҷомеа ва тарбияи фарҳанги муносибатҳои солим баррасӣ шуданд.






Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 