1 ДЕКАБР - РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ВНМО/АНМО (ВИЧ/СПИД)

Бинанда: 12 | Санаи нашр: 01 Декабр 2025

Ҳамасола 1-уми декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО/АНМО (ВИЧ/СПИД) ҷашн гирифта мешавад, ки мақсади он дар миқёси ҷаҳонӣ огоҳонидани одамон дар бораи ВИЧ/СПИД ва ҳамоиши ҳамбастагии байналмилалӣ алайҳи ин беморӣ мебошад.  

Мутаассифона, то имрӯз дар ҷаҳон муолиҷае, ки ин вирусро пурра аз бадани одам рафъ кунад, кашф нашудааст.

Дар робита ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи ин вабои аср дар донишгоҳ бо ибтикори Раёсати корҳои тарбиявӣ суҳбати судманд бо иштироки намояндаи Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии наркологии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе табиб - нарколог Саъдулло Исматуллоев ва омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.

Дар раванди суҳбат масъалаҳои нашъамандӣ ва бемории Вируси норасоии масунияти одам баррасӣ шуда, оқибатҳои мудҳиши он ба тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла наврасон, ҷавонон ва калонсолон баррасӣ карда шуданд. Таъкид гардид, ки пешгирии ин беморӣ ва солимии аҳолӣ аз ҳар як фарди ҷомеа вобаста мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top