СЕМИНАРИ ИЛМӢ

Бинанда: 11 | Санаи нашр: 01 Декабр 2025

1-уми декабри соли 2025 профессори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Саидова Мунавар Ҳамидовна бо донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзуи “Менеҷмент дар идоракунии мақомоти гумрук” семинари илмӣ баргузор намуд.

Дар кори семинар доктори илмҳои иқтисодӣ Абдурашид Мирзоалиев, мудири кафедра Абдураҳмон Ҳакимзода, мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Комилҷон Алимов, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Шароф Пулотов ва ассистенти кафедра Музамбила Тухтаева иштирок намуданд. 

Ҳадафи семинар мустаҳкам намудани донишҳои назариявии донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон доир ба нақши менеҷмент дар идоракунии мақомоти гумрук мебошад.

Профессор Мунавар Саидова доир ба мавзуи матраҳгардида маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Мавсуф бахусус нақш, ҷойгоҳ ва аҳамияти менеҷментро дар раванди идоракунии мақомоти гумрук муҳим арзёбӣ кард.

Зимни музокираҳо доктори илмҳои иқтисодӣ Абдурашид Мирзоалиев ва мудири кафедра Абдураҳмон Ҳакимзода андешаҳояшонро оид ба мавзуи зикргардида баён намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top