28-уми ноябри соли 2025 бо ибтикори кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Масоили муҳимми назария ва амалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити муосир” бо иштироки олимон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва магистрантон баргузор гардид.
Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳадафи асосии ҳамоиши имрӯза баррасии масъалаҳои татбиқи СБҲМ, мубодилаи таҷриба, таҳлили мушкилот ва пешниҳоди роҳҳои нав дар самти такмили баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит мебошад.
Мавсуф қайд намуд, ки мушкилоти татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, дурнамои рушди таҳсилоти муҳосибӣ ва касбияти муҳосиб дар шароити иқтисоди рақамӣ паҳлӯҳои гуногуни илму амалро фаро мегиранд ва барои рушди самараноки иқтисоди миллӣ аҳаммияти калидӣ доранд.
Сипас, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, н.и.и., дотсент Абдукарим Қурбонов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки рушди иқтисодиёти муосир, воридшавӣ ба фазои рақамӣ, тақвияти рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, зарурати таҳияи механизмҳои шаффофи идоракунии молиявӣ, баҳисобгирӣ ва аудит, моро водор месозад, ки ҳамкории илмӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳияи роҳҳои нави амалиро дар ин самт тақвият бахшем. Мавзӯи конференсия дорои аҳаммияти бузурги амалӣ мебошад, зеро баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит на танҳо воситаи назорат, балки иқтидори асосии иттилоотӣ барои қабули қарорҳои стратегӣ, сармоягузорӣ ва рушди устувори иқтисод мебошад.
Бо итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш ба таҳкими низоми ҳисобдорӣ, инкишофи соҳаи аудит, беҳбуди ҳисоботи молиявӣ ва мусоидат ба раванди ҳамгироии иқтисодии кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
Баъдан, дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтавои олимони варзидаи зерин шунида, муҳокима карда шуданд:
- Низомов Самариддин Фахриевич, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи аудит ва таҳлили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Рақамикунонӣ ва муаммоҳои баҳисобгирии идоракунӣ”;
- Содиқов Содиқҷон Ибрагимович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Институти ҷамъиятии бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Мушкилоти ислоҳоти низоми баҳисобгирии муҳосибӣ дар Тоҷикистон”;
- Раҳимзода Баҳодур Карим, дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши сиёсати давлатии рақамикунонӣ дар рушди устувори молияи давлатӣ”;
- Алимбетов Нурлан Оринбасарович, номзади илмҳои иқтисодӣ, Раиси Шурои директорони Палатаи муҳосибони касбии Ҷумҳурии Қазоқистон (маҷозӣ) дар мавзӯи “Нақши сертификатсияҳои байналмилалӣ дар рушди касби муҳосибӣ”;
- Давлатов Алиҷон Азизбекович, доктор PhD, докторанти барномаи Erasmus+KA171 дар донишгоҳи Малагаи Шоҳигарии Испания дар мавзӯи “Автоматикунонӣ ва рақамикунонии баҳисобгирии муҳосибӣ”;
- Нидоев Парвиз Фозилович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ дар мавзӯи “Баъзе масъалаҳои ташкили назорати баъди ба расмиятдарории гумрукӣ ва аудит дар мақомоти гумруки Ҷумҳури Тоҷикистон”.
Дар идомаи чорабинӣ профессорон Раҷаб Раҷабов, Қобилҷон Толибзода, дотсентон Абдукарим Қурбонов ва Абдумалик Мирзоалиев дар музокира иштирок намуда, фикру андеша, пешниҳод ва тавсияҳои ҷолибро доир ба мавзӯи матраҳшуда баён карданд.
Дар фарҷоми конференсия муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров аз номи Кумитаи тадорукот ба маърӯзачиёну иштирокчиён барои иштироки фаъол, саҳмгузорӣ ҷиҳати баргузории конференсия ва пешниҳоду тавсияҳо изҳори сипос намуд.










Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 