КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “ТАМОЮЛҲОИ РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ДАР НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ”

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 27 Ноябр 2025

27-уми ноябри соли 2025 бо ибтикори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Тамоюлҳои рушди сармояи инсонӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ” бо иштироки олимон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва магистрантон баргузор гардид.

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳадафи асосии ҳамоиши имрӯза баррасии масъалаҳои мубраме мебошад, ки дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, рушди иқтисоди миллӣ ва болоравии рақобатпазирии кишвар нақши калидӣ доранд.

Сармояи инсонӣ имрӯз унсури муҳимми рушди босуботи ҷомеа маҳсуб ёфта, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ташаккул ва бозтавлиди он вазифаи муҳимро анҷом медиҳанд.

Мавсуф қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди сармояи инсонӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардида, дар стратегии миллии рушд ва дигар барномаҳои давлатӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Ҳукумати мамлакат бо роҳандозии ислоҳоти соҳаи маориф, беҳсозии инфрасохтори таълимӣ ва ҷалби технологияҳои муосир ба раванди омӯзиш, заминаи мусоид барои баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ ва касбии ҷавонон фароҳам овардааст.

Сармоягузорӣ ба неруи инсонӣ имрӯз талаботи замон ва шарти асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад. Маҳз сатҳи рушди сармояи инсонӣ омили муайянкунандаи пешрафти ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон дар оянда мебошад.

Сипас, дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтавои олимони варзидаи зерин шунида, муҳокима карда шуданд:

• Рустамзода Фитрат Музаффар, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ дар мавзӯи “Тамоюлҳои рушди сармояи инсонӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”;

• Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати ДДТТ дар мавзӯи “Сармояи инсонӣ дар заминаи рақамикунонии иқтисодиёт”;

• Ҳодиев Дадахон Абдуллоевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Меъёрҳои баҳогузории сармояи инсонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”;

• Абдусатторова Раъно Шокирҷоновна, муаллими калони кафедраи маркетинги Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Механизми идоракунии захираҳои кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ”;

• Дӯстбоев Шодимурод, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ дар мавзӯи “Баъзе паҳлуҳои назариявии сармояи инсонӣ ва аҳаммияти иқтисодии он”.

Дар идомаи чорабинӣ профессор Раҷаб Раҷабов, дотсентон Ҳомидзода Ғулом ва Фаррух Алиев дар музокира иштирок намуда, фикру андеша, пешниҳод ва тавсияҳои ҷолибро доир ба мавзӯи матраҳшуда баён карданд.

Дар фарҷоми конференсия муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров аз номи Кумитаи тадорукот ба маърӯзачиёну иштирокчиён барои иштироки фаъол, саҳмгузорӣ ҷиҳати баргузории конференсия ва пешниҳоду тавсияҳо изҳори сипос намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top