Тибқи фармони Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия, №1145/нк аз 26-уми ноябри соли 2025 рисолаи доктории дотсенти кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ Раҷабова Нурҳаёт Раҷабовна тасдиқ гардид ва ба ӯ дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ дода шуд.
Ин дастоварди муҳимми илмӣ натиҷаи заҳмати муаллиф таҳти роҳбарии мушовири илмӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. буда, боиси ифтихори ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ мебошад.
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Нурҳаёт Раҷабовнаро бо ин муваффақияти илмиаш табрику муборакбод намуда, барояш дар фаъолияти минбаъдаи илмию омӯзгорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди илми ватанӣ барору комёбӣ таманно менамоянд.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 