ВОХӮРИИ СУДМАНД БО НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Бинанда: 4 | Санаи нашр: 26 Ноябр 2025

26-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии судманди намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе, аз ҷумла Сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумрукии Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Душанбе, капитани хадамоти гумрук Раҷабов Саидраҳмон Таваккалович, Сарнозирони хадамоти гумрук, майорони хадамоти гумрук Мирзоиён Рустам Мирзо, Самиев Алишер Музаффарович, Муродзода Меҳроб Мурод ва Сардори шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Сиддиқзода Абдуҷаббор Аъзам бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯи “Амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили хатарҳои эҳтимолии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан дар байни ҷавонону наврасон ва истифодаи маводҳои мухаддир баррасӣ карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top