20-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи тиҷоратию иқтисодии кооператсияи матлуботи Беларус байни донишҷӯёни 18 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни менеҷмент баргузор гардид
Дастаи олимпиадачиёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, и.в. профессори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисоди меҳнат бо номи "Менеҷерҳои ояндасоз" дар ҳайати зерин иштирок намуданд:
1. Дагиева Меҳрона Абдуллоевна – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 260203 – маркетинг;
2. Назармамадовна Гулрез Хоҷаматовна - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 260202 - менеҷмент;
3. Хушачинова Фарзина Искандаршоевна - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 260202 – менеҷмент;
4. Туйчиев Асрор Ваҳобович - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 260202 - менеҷмент;
5. Салимов Нодир Илҳомиддинович - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 260202 – менеҷмент.
Боис ифтихор аст, ки дар олимпиадаи мазкур донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 260202 – менеҷмент Салимов Нодир Илҳомиддинович ҷойи аввалро ишғол карда, соҳиби дипломи дараҷаи 1 гардид.
Дастаи олимпиадачиёни ДДТТ сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо диплом сарфароз гардонида шуд.
Инчунин, дастаи олимпиадачиёни "Менеҷерҳои ояндасоз"-и донишгоҳ барои иштироки фаъолона дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни менеҷмент аз ҷониби раёсати Донишгоҳи тиҷоратию иқтисодии кооператсияи матлуботи Беларус бо сертификат сазовор гардонида шуд.


Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 