Аз 17-ум то 24-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои кормандони бахши молиявии муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон курси кӯтоҳмуддати "Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва андозбандӣ" гузаронида шуд.
Дар курси кӯтоҳмуддат ба шунавандагон омӯзгорони ботаҷрибаи кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, кафедраи андоз ва Институти ҷамъиятии бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронида, имтиҳон қабул карданд.
Дар ҷамъбаст 22 нафар шунаванда, ки имтиҳонҳоро бо муваффақият супориданд, ба гирифтани шаҳодатнома оид ба хатми курси кӯтоҳмуддат мушарраф гаштанд.






Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 