ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ НАЗАРЗОДА ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Бинанда: 12 | Санаи нашр: 24 Ноябр 2025

         Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Бо камоли эҳтиром ҳамаи шуморо аз номи раёсати донишгоҳ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки воқеан ҳам рамзи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ маҳсуб меёбад, самимона муборакбод мегӯям.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қатори дигар муқаддасоти кишвар рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед ва умед ба ояндаи дурахшони кишвар гардидааст.

Пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дошта, парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос мондааст. Миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофару тамаддунсоз бо ҷаҳду талош ва фидокориҳои фарзандони баору номусаш аз дуриҳои таърих дорои парчам ва рамзи ягонаи давлатдорӣ мебошад.

Доир ба парчаму парчамдории миллати тоҷик, ки аз аҳди бостон сарчашма мегирад, дар куҳантарин осори хаттии аҷдодонамон маълумоти бештарро пайдо кардан мумкин аст. Олимону муҳаққиқон ва таърихнигорони давр бар он назаранд, ки парчам ҳамчун рамзи ватандориву оини давлатдорӣ маҳсули андеша ва офаридаи гузаштагони ҷасуру далери миллатамон мебошад.

Чунончи, дар шоҳасари безаволи ҳаким Фирдавсӣ - “Шоҳнома”, ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарғибгари некию мардонагӣ ба шумор меравад, нақши парчам дар роҳи муборизаҳои озодихоҳӣ, ҳифзи марзу бум ва эҳтиром гузоштан ба он равшан тасвир ёфта, дирафши аз пешдомани худ сохтаи Коваи оҳангар бар зидди бедодгариҳои Заҳҳоки хунхор чун рамзи тантанаи адолат бар зулму ситам хеле машҳур гардида, то замони мо чун Дирафши ковиёнӣ маъруфияти худро ҳифз намуда омадааст.

Бояд гуфт, ки рамзи Дирафши Ковиёнӣ дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дошта, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28-уми июли соли 2006, № 192 мавриди истифода қарор дорад.

Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои гузаштаю имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири эҳтиром ва бузургдошти қаҳрамонони миллат, ба хотири онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз намуда, бегазанд то ба замони мо расонидаанд.

Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию осоиштагии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба Парчами давлатӣ ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва тамоми арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад.

Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки дар пойтахти кишварамон - Душанбешаҳр рӯзи 30-юми августи соли 2011 Парчами Тоҷикистон бо баландии 165 метр қомат афрохт, ки дар ҷаҳон яке аз баландтарин парчам ба ҳисоб меравад.

Бори дигар Шумо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромиро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва дар фаъолияти пурзаҳмату пурифтихори омӯзгорӣ ва донишҷӯӣ барору комёбӣ орзу менамоям.

        

         Бигузор, Парчами кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу субот ҳамеша парафшон бошад!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top