КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ

Бинанда: 15 | Санаи нашр: 21 Ноябр 2025

21-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мавқеи таълимоти назарияи иқтисодӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсионӣ» бахшида ба ёдбуди яке аз чеҳраҳои намоёни илми иқтисоди тоҷик, олими маъруф, омӯзгори шинохта ва инсони нексиришт профессор Бобокалони Исомат баргузор гардид.

Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон ва коршиносон аз муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии кишвар иштирок намуданд.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар оғоз гардид.

Ректори донишгоҳ дар суханронии худ нақш ва аҳаммияти илми назарияи иқтисодӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ ва иқтисоди инноватсиониро таъкид намуда, иброз дошт, ки илму таҳқиқоти илмӣ бояд ҷавобгӯи талаботи нави рушди кишвар бошанд.     

Хайрулло Холназар инчунин қайд намуд, ки ҳаёти пурбаракати профессор Бобокалони Исомат, ки зиёда аз 60 сол ба илм ва омӯзгорӣ бахшида шудааст, барои наслҳои имрӯзу оянда намунаи ибрат ва мактаби омӯзиш мебошад. Фаъолияти илмӣ ва педагогии устод Бобокалони Исомат аз соли 1993 то охири умр дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гузаштааст. Осори илмии устод, ки беш аз 400 асар - китоб, дастур ва мақолаҳои илмиро дар бар мегирад, имрӯз ҳамчун манбаи арзишманди таълим ва таҳқиқот истифода мегардад.

Ректори донишгоҳ дар идомаи суханронии худ ба мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ дастур доданд, ки як синфхонаи таълимӣ-методӣ бо гӯшаҳои иттилоотӣ, овезаҳо, аксҳо, китобҳо, рисолаҳо ва дигар маводи профессор Бобокалони Исомат таъсис дода шуда, таҳқиқи афкори иқтисодии олими варзида аз ҷониби муҳаққиқони ҷавон густариш дода шавад. Ин иқдом ба донишҷӯён ва муҳаққиқон имкон медиҳад, ки бо осори илмии устод Бобокалони Исомат аз наздик шинос гардида, аз таҷриба ва афкори илмиашон  илҳом гиранд.

Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба фаъолияти илмӣ, педагогӣ ва ҷамъиятии устоди зиндаёд филми кӯтоҳ намоиш дода шуд.

Сипас, маърӯзаҳои олимони зерин оид ба ҳаёт ва фаъолияти ин олими маъруфу эътирофгардида шунида шуданд:

  • Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Фаъолияти профессор Бобокалони Исомат дар таҳияи китобҳои дарсӣ ва омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ;
  • Раҷабов Раҷаб Кӯчакович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Саҳми профессор Бобокалони Исомат дар таҳқиқи назарияҳои олимони хориҷӣ”;
  • Юнусова Маҳбуба Маҳмуродовна, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири шуъбаи банақшагирии стратегӣ, моделсозӣ ва дурнамои макроиқтисодии МД Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумхурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Мавкеи профессор Бобокалони Исомат дар рушди таьлимоти иқтисоди муосири тоҷик;

 

Инчунин, Луқмон Бобокалонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамзамон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка ва Ҷумҳурии Сингапур ба тариқи маҷозӣ суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми конференсия ба маърӯзачиён ва як зумра омӯзгороне, ки дар рушди фаъолияти илмӣ ва ташкили конференсия саҳми арзанда гузоштанд, сипосномаҳои Донишгоҳ супорида шуданд.

Конференсияи мазкур ҳамчун платформаи муҳимми мубодилаи афкор нақш ва саҳми профессор Бобокалони Исоматро дар рушди илми иқтисод, назарияи иқтисодӣ ва тайёр кардани садҳо мутахассисони баландихтисос муҳим арзёбӣ намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top