19-уми ноябри соли 2025 бо ибтикори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари таълимӣ-методӣ дар мавзӯи “Консепсия ва усулҳои инноватсионии таълим дар низоми таҳсилоти олии касбӣ” бо иштироки омӯзгорон баргузор гардид.
Мақсади семинар таҳкими малакаҳои методии омӯзгорон, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, инчунин такмили сифати омодасозии мутахассисон мебошад.
Аҳаммияти семинар аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (28 декабри соли 2024) бармеояд. Дар Паём зикр шудааст, ки «…рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ» яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ин ҷиҳат, мавзӯи семинари таълимӣ-методии матраҳшуда аҳаммияти махсус дорад, зеро он ба такмили малакаҳои методии омӯзгорон ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим равона шудааст. Семинар имконият фароҳам овард, ки омӯзгорон бо усулҳои инноватсионӣ шиносӣ пайдо намуда, малакаҳои касбӣ ва методии худро такмил диҳанд. Ҳамзамон, баррасии таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ дар татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар низоми таҳсилоти олӣ ба баланд бардоштани самаранокии таълим ва омодагии донишҷӯён ба талаботи бозори меҳнат мусоидат мекунад.
Зимни семинар таъкид гардид, ки такмил додани мазмун ва шакли лексияҳо, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар машғулиятҳои амалӣ ҷавобгӯ ба ҳадафҳои стратегии рушди маориф ва сиёсати давлатии соҳаи маориф буда, барои таҳкими низоми таълим ва мутобиқсозии фаъолияти таълимӣ ба стандартҳои ҷаҳонии таҳсилоти олӣ аҳаммияти назаррас дорад.


Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 