ИШТИРОКИ ҲУНАРМАНДОНИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ ДАР ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ҲУНАРМАНДИ СОЛ”

Бинанда: 12 | Санаи нашр: 19 Ноябр 2025

18-уми ноябри соли 2025 дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии Душанбе даври дуюми озмуни “Ҳунарманди сол” баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ширкат варзида, маҳсулот ва ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигоҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар чорабинии мазкур кормандон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ фаъолона ширкат варзида, аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top