ВОХӮРӢ БО САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 11 | Санаи нашр: 19 Ноябр 2025

18-уми ноябри соли 2025 дар доираи Нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати мудофиа ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими дӯстии ҷавонон, шиносоӣ бо шароити хизмати сарбозону афсарон ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар – Ватан, рӯзи дарҳои кушод ва саёҳати донишҷӯёни курсҳои 3-юм ва 4-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент, Парчами миллӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 5453-и Қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Хизмати Модар – Ватанро аз дилу ҷон мекунем” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раёсати донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, аз шароити хизмат ва буду боши афсарону сарбозон аз наздик шинос шуданд. Дар рафти чорабинӣ сарбозон маҳорати баланди касбӣ нишон дода, ба ҳозирин машқҳои низомӣ ва гузашти ҳарбиро нишон доданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top