18-уми ноябри соли 2025 мувофиқи нақшаи чорабиниҳои таълимӣ дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳфили фаннии экология таҳти унвони «Маърифати экологӣ» бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудири кафедра Беҳрӯз Маҳмадализода ва омӯзгорон Паригул Аҳмадова, Ҳалима Назармонова, Амина Абдуллоева иштирок намуданд.
Маҳфилро омӯзгори калон Паригул Аҳмадова ифтитоҳ намуда, доир ба аҳаммияти баланд бардоштани маърифати экологӣ миёни донишҷӯён суханронӣ кард.
Сипас, донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 25010402 – фаъолияти бонкӣ Ҳомидов Ш. ва Рустамова Г. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, иштирокчиён дар муҳокимаи мавзӯъ фаъолона ширкат варзида, доир ба роҳҳои ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани масъулият ва маърифати экологӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Дар фарҷом музокироти созанда миёни иштирокдорон сурат гирифта, зикр шуд, ки чунин маҳфилҳо барои рушди донишу ҷаҳонбинии экологӣ миёни донишҷӯён нақши муҳим доранд.







Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 