Бо мақсади арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ташвиқу тарғиби либосҳои миллӣ аз ҷониби донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аксия таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” доир карда шуд.
Ин ташаббус бори дигар далели он аст, ки занону донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар амал пайрави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, расму оин, фарҳанги миллати куҳанбунёд - тоҷиконро ҳамчун ифтихори ватандорию худшиносӣ пос медоранду муқаддас мешуморанд.




Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 