18-уми ноябри соли 2025 мувофиқи нақшаи чорабиниҳои таълимӣ дар кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Истифодабарии зеҳни сунъӣ дар фаъолияти гумрукӣ” бо иштироки мудири кафедра Рано Ғаюрӣ, омӯзгорон Парвиз Нидоев, Нурҳаёт Раҷабзода, Муҳаммадҷон Алиев, Нурия Назарбекова ва донишҷӯёни ихтисоси 960101-хадамоти гумрук баргузор гардид
Мизи мудавварро дотсенти кафедра Муҳаммадҷон Алиев оғоз намуда, қайд кард, ки аз 1 октябри соли 2025 расмикунонии молҳои воридотию содиротӣ ва воситаҳои нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми иттилоотии «АСИКУДА» (ASYCUDA) амалӣ мегардад.
Гузариш ба истифодабарии низоми иттилоотии “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ”, ки аксари қисматҳои он ба таври худкор ва бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ амал менамоянд, барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиётро таҳти расмиёт ва низомҳои гумрукӣ фаро гирифта, ба содагардонӣ ва шаффофияти расмиёти гумрукӣ, тақвияти назорати гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ мусоидат намуда, як марҳилаи муҳим дар самти рақамикунонии равандҳои гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад.
Мақсад аз ин навоварӣ иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва мутобиқсозии расмикунонии гумрукӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.
Дар қисмати музокирот мудири кафедра Раъно Ғаюрӣ ва дотсент Парвиз Нидоев доир ба мавзӯи матраҳгардида фикру андешаҳои худро баён намуданд.




Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 