МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ МУБРАМ

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 18 Ноябр 2025

15-уми ноябри соли 2025 тибқи нақшаи чорабиниҳои таълимии кафедраи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт мизи мудаввар дар мавзӯи «Бехатарии иттилоот ва роҳҳои ҳифзи он» бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни марбути кафедра баргузор гардид.

Ҷаласаро мудири кафедра, н.и.т., дотсент Фатҳиддин Шамсов ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар мавзӯи «Амнияти иттилоотӣ ва истифодаи дурусти интернет дар Тоҷикистон» суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳимми ҳифзи маълумот ва истифодаи самараноки захираҳои рақамӣ ба донишҷӯён иттилооти муфассал дод.

Дар идомаи мизи мудаввар декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорат, н.и.ҳ., дотсент Тимуршоҳ Ғайратов оид ба аҳаммияти баланд доштани саводнокии рақамии донишҷӯён маърӯза намуд.

Сипас, донишҷӯёни курси дуюм Зоҳираи Фурмон ва Исмоил Раҷабов доир масъалаҳои ҷиноятҳои киберӣ ва роҳҳои пешгирии он маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.

Дар фарҷом иштирокчиён ба маърӯзачиён саволҳо пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top