ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

Бинанда: 12 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2025

Рӯзи 15-уми ноябри соли 2025 дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Пешвои миллат – кафили субот, ваҳдат ва зиндагии арзандаи шаҳрвандон” бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси 250103-иқтисодиёти ҷаҳон баргузор гардид.

Дар дарси кушод муовини ректор оид ба тарбия, н.и.и., дотсент Гулнора Ҳисориева, декани факултет, н.и.и, дотсент Ҷовидон,Сафаров, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Рустамзода Фитрат ва омӯзгорони кафедра ширкат варзиданд.

Дарси кушодро омӯзгори кафедра Ҳусниягул Раҳмоналиева оғоз намуда, доир ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва барои сарҷамъ намудани миллати тоҷик нақши муассир гузошт, маърӯзаи пурмуҳтаво кард.

Сипас, донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси 250103 – иқтисодиёти ҷаҳон Мадина Бойматова, Шаҳобиддин Зоиров, Эшонқул Юсупов ва Ғоибзода Иззатулло доир ба нақш ва аҳаммияти Иҷлосия ва Рӯзи Президент шеър ва маърӯзаҳои пурмазмун ироа намуданд.

Дар фарҷом муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева, декани факултет Ҷовидон Сафаров ва мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Рустамзода Фитрат оид ба мавзӯи матраҳгардида фикру андешаҳои хешро баён намуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top