ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ПРОФЕССОР НАЗАРЗОДА ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 33 - СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 9 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2025

ОМӮЗГОРОН, КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ГИРОМӢ!

Ҳамаи шуморо аз номи раёсати донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод мегӯям.

33 сол муқаддам, яъне 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ иҷлосияе баргузор гардид, ки он дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун иҷлосияи сарнавиштсоз асрҳои аср боқӣ хоҳад монд. Воқеан ҳам, иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар ҳаёти мамлакат дигаргунии куллиро ба вуҷуд овард. Маҳз дар ҳамин иҷлосия вакилони мардумӣ фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд.

Сарвари тозаинтихоби давлат бо кору пайкор, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати оқилонаю дурандешонаашон тавонистанд, ки халқро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудшавӣ наҷот диҳанд. Яъне муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи фаъолияти худ ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми давлату миллатро гузошт ва ба ин васила истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро ҳифз намуд.

16-уми ноябри соли 1994 Президенти интихобнамудаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилони халқ савганд ёд карда ба фаъолияти корӣ шуруъ намуд.

Маҳз фаъолияти хирадмандонаю дурандешона, донишу фарҳанг ва тафаккуру санъати баланди роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки дар кишвар мактаби сарварӣ ташаккул ёбад.

Дар ҳақиқат, имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлолу биҳиштосо мактаби қавии сарварӣ ташаккул ёфтааст, ки меъмор ва бунёдгузори он бевосита Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ва ин мактаб дар омода намудани кадрҳои миллӣ нақш ва мақоми арзишманд дорад.

Хосатан бояд гуфт, ки дар мавҷудият, бақо ва рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ниҳоди Президентӣ, бахусус, шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

Ба вуқуъ пайвастани ду рӯйдоди муҳимми таърихӣ – Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва маросими савгандёдкунии Президенти мамлакат дар санаи 16-уми ноябр аз муҳим будани ин рӯз башорат медиҳад.

Фаъолияти самарабахш ва бесобиқаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ ва таъмини амнияти давлат аҳаммияти сиёсӣ ва тарбиявии таҷлили Рӯзи Президентро даҳчанд намудааст. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба ин рӯзи муборак, ин эҳтиром ба ҳастии миллат, мавҷудияти давлат ва заҳмату талошҳои Президенти Тоҷикистонро дар роҳи расидан ба ормонҳои умумимиллӣ ифода мекунад.

Бо дарназардошти хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми майи соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид карда шуд ва тибқи он ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.

Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи Президент аз эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдати мардуми Тоҷикистон ва боварии нуфузу мақоми кишварамон дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмуъ ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгузори давлати навини тоҷикон маҳсуб меёбад, аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гардиданашон ватандӯсти ҳақиқӣ, ғамхори халқу миллат ва ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани хешро собит намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани Ҳукумати конститутсионӣ, ба Ватани аҷдодӣ баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, таҷлили дигар чорабиниҳои дохиливу хориҷӣ вобаста ба баргузории ҷашнвораҳо дар иртибот бо бузургдошти олимон, сиёсатмадорон ва барқарор намудани сулҳу оромӣ дар мамлакат ва минтақа саҳми беназир доранд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро маҳз ба шарофати ташаббусҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ ва иқдомоти башардӯстонаи роҳбари оқилу дурандеш ва ваҳдатофару сулҳдӯсташ ҳамчун кишвари нақшофар дар сиёсати байналмилалӣ, пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалӣ, дорои мавқеи устувор ва таъсиргузор дар рафъи мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ ва сайёра мешиносанд.

Бори дигар ҷашнҳои Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон шодбош гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар кору фаъолиятатон, ки хеле пурмасъулият ва заҳматталаб аст, барору комёбӣ орзу менамоям.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top