Рӯзи 14-уми ноябри соли 2025 дар кафедраи фаъолияти гумрукӣ дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - наҷотбахши миллат ва саҳифаи тиллоии таърихи Тоҷикистон” бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси 960101 – хадамоти гумрукӣ баргузор гардид.
Дар дарси кушод ҷонишини декан оид ба тарбия Фарҳод Шаропов, мудири кафедра Раъно Ғаюрӣ, омӯзгорон Парвиз Нидоев, Нурҳаёт Раҷабзода, Муҳаммад Ализода, Нурия Назарбекова, Қадриддин Сӯфиев иштирок намуданд.
Дарси кушодро омӯзгори кафедра Нурия Назарбекова оғоз намуда, қайд кард, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, дар сарнавишти халқи тоҷик нақши беназир гузошт. Дар он рӯзҳои душвору пурошӯб, ки хатари нобудшавии давлатдории миллӣ вуҷуд дошт, ин иҷлосия тавонист роҳи наҷот, сулҳ ва ваҳдатро пеш гузорад. Дар иҷлосияи мазкур роҳбари хирадманд ва ваҳдатофари миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсӣ баромада, бо иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаашон кишварро аз вартаи ҷанг наҷот доданд ва ба сӯйи сулҳу субот роҳнамоӣ намуданд.
Сипас, донишҷӯён Раҷабов У., Латипова Ш., Артиков Н., Султонова М., Бегматзода С., Ҳабибов Э., Саидалимзода М., Давлатов М., Шарипов С., Раҳмонқулов Ҷ. Ва Сафаров Х. доир ба нақш, аҳаммият ва рисолати иҷлосияи сарнавиштсоз маърӯзаҳои пурмазмун карданд.
Дар қисмати музокирот омӯзгорон Фарҳод Шаропов ва Парвиз Нидоев доир ба мавзӯи матраҳгардида фикру андешаҳои худро баён намуданд.




Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 