МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 13 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2025

14-уми ноябри соли 2025 дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

 

Нахуст, ҷамъомадро ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, иштирокчиёнро самимона табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ иҷлосияе баргузор гардид, ки он дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун иҷлосияи сарнавиштсоз асрҳои аср боқӣ хоҳад монд. Воқеан ҳам, иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар ҳаёти мамлакат дигаргунии куллиро ба вуҷуд овард. Маҳз дар ҳамин иҷлосия вакилони мардумӣ фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд.

 

Сарвари тозаинтихоби давлат бо кору пайкор, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати оқилонаю дурандешонаашон тавонистанд, ки халқро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудшавӣ наҷот диҳанд. Яъне муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи фаъолияти худ ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми давлату миллатро гузоштанд ва ба ин васила истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро ҳифз намуданд.

 

16-уми ноябри соли 1994 Президенти интихобнамудаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилони халқ савганд ёд карда, ба фаъолияти корӣ шуруъ намуданд.

 

Хайрулло Холназар қайд намуд, ки маҳз фаъолияти хирадмандонаю дурандешона, донишу фарҳанг ва тафаккуру санъати баланди роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки дар кишвар мактаби сарварӣ ташаккул ёбад. Дар ҳақиқат, имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлолу биҳиштосо мактаби қавии сарварӣ ташаккул ёфтааст, ки меъмор ва бунёдгузори он бевосита Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд

 

Гуфта шуд, ки ба вуқуъ пайвастани ду рӯйдоди муҳимми таърихӣ – Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва маросими савгандёдкунии Президенти мамлакат дар санаи 16-уми ноябр аз муҳим будани ин рӯз башорат медиҳад.

 

Фаъолияти самарабахш ва бесобиқаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ ва таъмини амнияти давлат аҳаммияти сиёсӣ ва тарбиявии таҷлили Рӯзи Президентро даҳчанд намудааст. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба ин рӯзи муборак, ин эҳтиром ба ҳастии миллат, мавҷудияти давлат ва заҳмату талошҳои Президенти Тоҷикистонро дар роҳи расидан ба ормонҳои умумимиллӣ ифода мекунад.

 

Бо дарназардошти хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми майи соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид карда шуд ва тибқи он ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.

 

Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки ҳадаф аз таҷлили Рӯзи Президент аз эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдати ягонагии мардуми Тоҷикистон ва боварии нуфузу мақоми кишварамон дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмуъ ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, иборат мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгузори давлати навини тоҷикон маҳсуб меёбанд, аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гардиданашон ватандӯсти ҳақиқӣ, ғамхори халқу миллат ва ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани хешро собит намуданд.

 

Дар идомаи суханрониаш Хайрулло Холназар қайд намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани Ҳукумати конститутсионӣ, ба Ватани аҷдодӣ баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, таҷлили дигар чорабиниҳои дохиливу хориҷӣ вобаста ба баргузории ҷашнвораҳо дар иртибот бо бузургдошти олимон, сиёсатмадорон ва барқарор намудани сулҳу оромӣ дар мамлакат ва минтақа саҳми беназир доранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро маҳз ба шарофати ташаббусҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ ва иқдомоти башардӯстонаи роҳбари оқилу дурандеш ва ваҳдатофару сулҳдӯсташ ҳамчун кишвари нақшофар дар сиёсати байналмилалӣ, пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалӣ, дорои мавқеи устувор ва таъсиргузор дар рафъи мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ ва сайёра мешиносанд.

 

Дар хотима Хайрулло Холназар бори дигар ҷашнҳои Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои аҳли коллективи донишгоҳ шодбош гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар кору фаъолияти пурмасъулият ва заҳматталабашон барору комёбӣ орзу намуд.

 

Сипас, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ як зумра омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои таълимӣ, илмӣ ва маърифативу сиёсӣ иштироки фаъолона доштанд, инчунин ғолибони озмуни иншои озод, ки бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҳти унвони «Пешвои миллат - меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ» гузаронида шуд буд, бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 

Дар фарҷоми ҷамъомад барномаи фарҳангию фароғатӣ, ки аз ҷониби дастаи ҳунарии “Тоҷири Аҷам”-и донишгоҳ омода карда шуда буд, хотири ҳозиринро болида гардонид.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top